Касе норозӣ аз кори шумо нест

Замоне подшоҳи бесаводе

Ҳукумат карда бар халқи билоде

Вале ӯро вазире нуктадон буд,

Ки огоҳ аз мароми мардумон буд.

Ба рӯзе бо вазираш гуфтугӯ кард,

Аз аҳволи халоиқ пурсуҷӯ кард,

Ки оё аз ҳукумат ин ҷамоат

Бувад розӣ ва ё дорад шикоят?

Бигуфто: “Хотират ҳамвора роҳат,

Фидои тори мӯят ҷони миллат,

Ки ин мардум назири барра бошанд,

Чӣ дар шаҳру чӣ кӯҳу дарра бошанд.

Касе норозӣ аз кори шумо нест,

Ки дарку ҷуръати ин иддаъо нест.

Ба ҳар сӯ чун биронӣ, мепазиранд,

Ки ҳамчун галла дунболи амиранд.”

Вале султон дилаш номутмаин буд,

Ки ӯро тарсу нодонӣ ба ирс буд.

Бигуфташ: “Ин сухан дар боварам нест,

Ки норозӣ миёни кишварам нест.”

Бигуфто: “Бехиёл аз мардумон бош,

Хушу осудахотир ҳар замон бош,

Ки бо мардум ту ҳар зулме намоӣ,

Касе ҳаргиз нагардад бар ту шокӣ.

Агар бовар надорӣ, имтиҳон кун,

Чунон худ имтиҳоне ройигон кун.

Бигӯ ҳар кас равад аз кӯча берун,

Диҳад ӯ сиккаеро тибқи қонун.”

Пас аз он ҳукми қонун ончунон шуд,

Ба ҳар ҷо рафту омад тибқи он шуд.

Вале мардум аворизро бидоданд,

Сипас по аз гузар берун ниҳоданд.

Хабар омад, ки он фармони шоҳӣ

Шавад иҷро ба ҳар ҷойе, ки хоҳӣ.

Бигуфто пас вазираш бо самоҷат,

Ки: “Афзун кун фишоратро ба миллат.

Барои имтиҳон аз рӯзи дигар

Аворизро намо то даҳ баробар.”

Бигуфташ: “Ин амал мушкил нагардад?

Балое бар тану бар дил нагардад?”

Бигуфто: “Он чӣ мегӯям амал кун,

Мухолиф гар бидидӣ, пас ҷадал кун.”

Авориз шуд пас аз он даҳ баробар,

Далелаш ҳам бувад арзи шиновар.

Ҷамоат ҳамчунон гардан ниҳоданд,

Авориз ҳарчӣ таъйин шуд, бидоданд.

Хабар омад, ки мардум мепазиранд,

Камокон ҳам дуогӯйӣ амиранд.

Халоиқ розиву сандуқи давлат

Чунин пур шуд бо пул аз ҷайби миллат.

Аз ин рӯ шоҳи золим бо хушӣ гуфт:

“Чӣ роҳат шуд фароҳам пули ҳангуфт!

Вале мардум чаро хингу ҳақиранд?

Ки аз мо ҳар фишоре мепазиранд?”

Бигуфто: “Инки инҷо амр саҳл аст,

Ки беш аз ин ҷамоат рому аҳл аст.

Бигӯ ҳар кас, ки рад шуд аз хиёбон,

Яке аз ҷумла маъмурони султон

Кунад ангушти худ дар к…и он фард

Ба оромӣ ва ё бо сӯзишу дард.

Бибин бо ин амал ҳам аз ҷамоат

Набинӣ эътирозе ё шикоят.”

Бигуфташ: “Гӯиё шӯхӣ намоӣ,

Фаромӯшат намебошад куҷоӣ?!

Сари моро бихоҳӣ бар сари дор?!

Ки даъват мекунӣ моро ба ин кор!

Битарсам ногаҳон шӯриш намоянд,

Барои кудето кӯшиш намоянд.”

Бигуфто: “Ман ба ҷиддӣ ин бигуфтам,

Магар ман аҳли черту ҳарфи муфтам?

Шумо роҳат чунин фармон бифармо,

Балое гар расад, он ӯҳдаи мо.”

Ба ҳар сурат ба сад исрору икроҳ

Қабул кард ин ситамро ҳазрати шоҳ.

Пас аз чанде хабар омад, халоиқ

Бувад розӣ дар ин ҳолу дақоиқ.

Вале султон хабар бовар намекард,

Хиёле ҳамчунин дар сар намекард,

Ки охир аз чӣ рӯ ақшори миллат

Таҳаммул мекунад боҷу иҳонат?!

Бигуфто: “Ман худам бояд бибинам,

Лизо бояд, ки бо мардум нишинам.”

Аз ин рӯ мардумонро мужда доданд,

Тасовиру шиъор ҳарҷо ниҳоданд,

Ки меояд фалон ҷо дар фалон рӯз,

Ба дидори шумо султони дилсӯз!

Халоиқро чунон шӯре бапо шуд,

Ки садҳо тан ба зери дасту по шуд.

Биёмад шоҳу гуфто дар сухан шод,

Дуруд бар халқи миҳандӯсти мо бод!

Бигуфто: “Ман худам хидматгузорам,

Ба ҷуз фикри шумо коре надорам.”

Тамаллуқҳо миёни гуфтугӯ кард,

Сипас аз ҳоли мардум пурсуҷӯ кард.

Бигуфто: “Гар касеро мушкиле ҳаст,

Шикоят ё агар дарди диле ҳаст,

Барои ҳалли он мушкил биёяд,

Кунун бо ходимаш матраҳ намояд.”

Ва лекин он миён аз вазъи мавҷуд

Касе норозиву шокӣ намебуд.

Ҷамоат баҳри султон шуд дуогӯ,

Яко як мухлису ёру саногӯ.

Вале як дафъа марде бо ҷасорат,

Ба акси дигарон гуфт аз хасорат.

Бигуфто: “Ҳар киро аҳли наҷот аст,

Амал бар амри шоҳ аз воҷибот аст.

Музофан вазъи кишвар хубу олист,

Худоро шукри беҳад мушкили нист.

Фақат чун рафту омадҳо зиёд аст,

Тирофики шадиде дар билод аст.

Лизо мушкил бувад камбуди маъмур

Барои ахзи пул в-он феъли ноҷур.

Ки соатҳо ба саф ҷон меситонанд,

Ки ангуште ба к…и мо расонанд.

Лизо хоҳиш кунам дар ҳадди мақдур

Кунун афзун шавад теъдоди маъмур,

Ки бор аз дӯши ин миллат бигирад,

Риволи кори мо суръат бигирад.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s