Без комментариев: 2 комментария

  1. Пешво аз шаҳрҳо боздид мекард. Ҳангоми дидор бо сокинони як шаҳр хитоб ба онҳо гуфт:
    — Шикоятҳоятонро содиқона ва ошкоро бозгӯед ва аз ҳеч кас натарсед, замони тарс гузаштааст.
    Иззат хушҳол шуд ва гуфт:
    — Олиҷаноб! Бекорӣ ҳамаро ба дод оварда, ҷавонон куллан аз шаҳр рафтаанд, барқ нест, гоз нест, гаронӣ, ки дигар ҳамаро куштааст, масъулон ришва мегиранд, милисаҳо бар мардум ситам раво медоранд ва …
    Ҳоким бо як андӯҳ гуфт:
    — Худо маро бисӯзонад! Оё ҳамаи инҳо дар сарзамини ман будааст? Фарзандам! Сипосгузорам, ки маро содиқона огоҳ кардӣ! Ба зудӣ ин мушкилот бартараф хоҳад шуд.
    Як сол гузашт, хабаре аз ислоҳ ва тағйир ба чашм намехӯрд. Вазъ ҳамон буд, ки ҳамон ва балки бадтар ҳам шуд. Ҳоким боз ба ҳамон шаҳр омад ва хитоб ба мардуми шаҳр гуфт:
    — Шикоятҳоятонро содиқона ва ошкоро бозгӯед ва аз ҳеч кас натарсед, ки замони тарс гузаштааст.
    Аммо ҳеч кас шикояте накард, касе барнахост, ки бигӯяд, бекорӣ ҳамаро ба дод оварда, ҷавонон куллан аз шаҳр рафтаанд, барқ нест, гоз нест, гаронӣ, ки дигар ҳамаро куштааст, масъулон ришва мегиранд, милисаҳо бар мардум ситам раво медоранд ва ғайра… Танҳо садое аз миёни ҷамъ баланд шуд, ки:
    — Олиҷаноб! Шикояте надорем, фақат бигӯед, фарзандам Иззат куҷост ва бо ӯ чӣ шуд?!
    Zarifmo Dodmamadova
    «Субҳи ҷавонии мо»

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s