Зиёд ҳарф назан

Ин достони нависандаи турк, дар ҳақиқат бозгӯйи ҳоли мову шумост……… Бад нест бихонед, то худро беҳтар бишиносед!

АЗИЗ НЕСИН
“Зиёд ҳарф назан”
Дар соли 1915 мутаваллид шуд. Дар хона наметавонист бигиряд. Модараш ҳамеша бар сараш фарёд мекашид:
— Хомӯш! Сокит шав!
Ҳатто наметавонист бихандад ва ё дод бикашад, чиро ки падараш мегуфт:
— Хафа шав!
Ҳар вақт меҳмоне меомад, мегуфтанд:
— Айб аст, хомӯш бош!
Ҳатто вақте ки фарди бегонае дар хонаашон набуд, аҳли хонавода мегуфтанд:
— Мехоҳам каме истироҳат кунам, хафа шав!
То ҳафтсолагӣ зиндагияш бад-ин гуна сипарӣ шуд.
Вориди мадрасаи ибтидоӣ шуд. Ҳар вақт суоле дар мавриди дарс падид меомад, муъаллим фарёд мезад:
— Хафа шав!
Ҳар вақт худи муаллим ӯро ба пойи тахта фаро мехонд ва барои тавзеҳ додани дарс омода мешуд, муаллим мегуфт:
— Ҳар чӣ гуфтам, онро бигӯ ва фақат ҷавоби суолро бигӯ ва зиёд ҳарф назан!….
То дувоздаҳсолагӣ низ бад-ин сон гузашт.

****

Вориди мадрасаи роҳнамоӣ шуд. Ҳар замон хост даҳон бигушояд, то калимае бар забон оварад, бузургтарҳо гуфтанд:
-Ту худатро қотии ҳар маҳфиле накун!…
Мудир гуфт:
-Агар сухан нуқра аст, сукут тилост!
Муаллими адабиёт мегуфт:
-Дуто бишнав ва яке бигӯ…. Бибин Худованд низ дуто гӯш ва як забон дода!… Пас бештар ҳарф назан!…
Дигарон ниқ мезаданд (гила мекарданд):
— Хафа шав! Ба ту марбут нест!…
— Садоятро бибур!…
— -Дигар ҳарф назан!…
То понздаҳсолагӣ ин гуна умраш ба сар омад.
***
Ба дабиристон мерафт. Дар он ҷо беҳтарин чизеро, ки ёд гирифт, “алсукуту хайру мин алдар дар” буд: яъне, сокит мондан
беҳтар аст”.
Боз фарёдҳо ва тавсияҳо бар сараш заданд, ки :
— Сокит бош!….
— Хафа шав!…
— Садоятро бибур!..
— Ба ту марбут нест!
— Одамӣ ба чизе, ки марбут ба худаш нест, дар борааш ҳарф намезанад!…
Ва ба ин тартиб ӯ по ба синни нуздаҳсолагӣ ниҳод ва зиндагияш роҳи дигаре дар пеш гирифт.
****
Вориди донишгоҳ шуд. Ҳанӯз дар хонаашон мегуфтанд:
-Набояд пеши бузургтарҳо ҳарф бизанӣ, айб аст!
Модараш мудом мегуфт:
-Ҳарф моли бузургтарҳо ва сукут аз они кӯчактарҳост!
Рӯзе устодаш гуфт:
— Оё мумкин аст ҷилави забонатро бигирӣ?!
То ин ки по ба синни бисту сесолагӣ ниҳод.
***
Ба сарбозӣ рафт ва вориди хидмати низом шуд. Саргурӯҳбон гуфт:
— Модар (…) хафа шав!
Сутвон фарёд мезад:
-Беш аз ин сарамро ба дард наёвар!
Саргурд мегуфт:
— Ҳис (хомӯш)… Сокит шав!… Намехоҳам садоятро бишнавам!
Ӯро ба посгоҳ фаро хонданд. Пулис фарёд зад:
— Зиёд ҳарф назан!
— Камисар бар сараш дод кашид, ки :
— Гуфтам хафа шав!
****
Вориди ҷомиъа шуд ва худашро дар саҳнаи кору фаъъолият нишон дод. Дӯстонаш ҳамеша бо ангушти ишора ба ӯ аломат медоданд, ки сокит бошад. То мехост ҳарфе бизанад, ангушти сабобаи ҳамкоронаш ба рӯйи лабонашон қарор мегирифт:
— Хомӯш! .. Мабодо ҳарф бизанӣ, ҳис!… Сокит шав, накунад бо ин сухан гуфтанат саратро ба бод бидиҳӣ. Лутфан ҳарф назан, ҳис!….
Бузургтарҳо тавсия мекарданд:
— Ту худатро вориди ҳар коре накун!…
— Ту ки намефаҳмӣ!…
— Аслан ба ту чӣ?
— -Ту хафа шав!
***
Тасмим ба ташкили хонавода гирифт ва зане ихтиёр кард. Ҳамсараш низ мисли бақия ҳамеша тавсия мекард:
— Мабодо ҳарф бизанӣ… Ту ҳарф назан!….
Баъдҳо соҳиби авлод шуданд. Бачаҳо низ то сару қаде ба ҳам заданд, онҳо низ хитоб ба падар гуфтанд:
— Ту сокит бош падар!… Ту аз ин корҳо чизе сарат намешавад… Гуфтам, ки ту худатро қотии корҳои мо накун…
***
Ин шахс дар ҳақиқат каме ман, миқдоре шумо ва рӯйи ҳам рафта ҳамаамон ҳастем.
Аз қадим занон барои он ки шавҳаронашон ҳарф назананд, бар сарашон ниқ назананд (шикоят накунанд) ва мудом бар сарашон анвоъи тавсияҳо ва таъкидҳо нарезанд, дар шаби аввали арӯсӣ пояшонро зери пойи худ мегирифтанд ва фишор медоданд. Тибқи ин расму бовари суннатӣ ҳар марде дар шаби аввали арӯсӣ (зифоф) пояш зери пойи занаш мерафт, дигар баъд аз он ҷуръати ҳарф заданро намеёфт ва ҳамеша сокит мемонд. Гӯё дар ин аср пойи моро ҳам зери пойи арӯси ҳазорҷилваи замона, ки дар қолаби мутанаввеъ зоҳир гардида, фишор додаанд. Хуб аз ҳамин ҳоло дар пеши ойина биистед ва даҳонатонро дақиқан тамошо кунед. Бибинед забон дар даҳон доред? Ман ки мегӯям, не, ҳеч кудомамон забон надорем. Балки забонамонро қурт додаем. Яъне, забони аслиамонро дар даруни колбадамон нигоҳ доштаем. Даҳон дорем, вале забонро соҳиб нестем.  Акнун ин шахс, ки аз ҷониби ҳама мавриди танбеҳ қарор мегирад, ки мабодо ҳарфе бизанад, дар ҳақиқат каме аз қавли ман, миқдоре аз ният ва мақсуди шумо ва билохира аз ҷониби ҳамаамон мехоҳад аз озодӣ ва ҳуррият ҳарф бизанад. Мехоҳад ҳарф бизанад, вале ҳамеша ба ӯ мегӯянд:
— Хафа шав! …
Вале чизе аз дарун маро, шуморо, туро ва ҳамаамонро тарғиб мекунад, ки
— Ҳафр бизан!… Ҳарф бизан!…. Ҳарф бизан!….
Ҳатто ҳоло ба гунае шуда, ки ин садоҳои ором табдил ба фарёд мешаванд. Аммо чӣ бояд бигӯем, чӣ гуна ҳарф бизанем, чӣ сон фарёд бикашем? Аслан забони ҳамаамон куҷост? Вақте ботуме (чӯбдаст) мебинем фаврӣ забонамонро қурт дода ва оби даҳонамон хушк мешавад…
(Баргардон аз хатти форсӣ ба сирилик)

Манбаъ: Фейсбук, саҳифаи Абдуқодири Рустам

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s